Технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (ТИК)
Ин курс дар асоси Меъёрҳои салоҳиятҳои ИКТ барои омӯзгорон (ICT-CST) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он принсипҳо ва нишондиҳандаҳои салоҳиятҳои ICT-CST-ро ба рушди амалии касбии омӯзгорон табдил дода, ба истифодаи ахлоқӣ, масъулиятнок ва бехатари зеҳни сунъӣ (AI) дар соҳаи маориф равона шудааст.
Курси мазкур барои кормандони МАОРИФ бо мақсади омӯхтани усули кор бо компютер ва инчунин такмил додани малакаи компютерии онҳо оид ба самаранок кардани технологияи компютерӣ дар раванди фаъояти ҳамарузаашон, пешбинӣ карда шудааст.
«Истифодаи воситаҳои рақамӣ дар раванди таълим»
Курс барои омӯзгорони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ таҳия шудааст ва ҳадафаш баланд бардоштани салоҳияти рақамии онҳо дар истифодаи технологияҳои муосир дар фаъолияти таълимӣ мебошад. Дар раванди курс, иштирокчиён меомӯзанд, ки чӣ гуна воситаҳои рақамиро ба таври самаранок ба раванди таълим ҳамгиро намоянд, сифати дарсҳоро боло баранд ва сатҳи иштирок ва таваҷҷуҳи хонандагонро зиёд кунанд.
